Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз хонум Ҳилларӣ Клинтон ба унвони номзади касбии истисноӣ барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ ситоиш кард. Обама гуфт: “Ҳеҷ гоҳ марде ё зане номзад набудааст, на ман ва на Билл Клинтон, ки мисли хонум Ҳилларӣ Клинтон касбиву варзида ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ омода бошад”.
Обама ин нуктаро дар гирдиҳамоии миллии Ҳизби Демократи Амрико дар аёлати Филаделфия изҳор дошт ва ин суханони вайро ҳозирин бо шӯру шавқ пазироӣ карданд.
Обама ояндаи Амрикоро дар сурати пирузии хонум Клинтон рӯшан тасвир кард. Дар ҷараёни суханронии худ Обама аз собиқаи тӯлонии фаъолиятҳои ҷамъиятии Ҳилларӣ Клинтон сӯҳбат кард.
Ба вижа Обама собиқаи Клинтон дар мақоми вазири корҳои хориҷаи Амрикоро ба ёд овард, ки Клинтогнро барои рафтан ба Кохи Сафед омода кардааст.