Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон кард, ки 123 вакил ё адвокат аз санҷиши тахассусӣ нагузаштанд. Масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба фаъолияти комисияи имтиҳонии адвокатҳо ё вакилони дифоъ гуфтанд, ки “дар пайи имтиҳон 123 адвокат ё вакили дифоъ аз имтиҳон нагузаштанд”.
Ҳамзамон ба гуфтаи ин масъулон, 11 адвокат ё вакили дифоъ умуман ба имтиҳон роҳ дода нашудаанд. Иллати ба имтиҳон роҳ дода нашудани 11 вакили дифоъ мувофиқат накардани онҳо ба дараҷаи тахассусии адвокатӣ будааст. Бад-ин тартиб, вазорати адлия мегӯяд, ки аз 505 вакили дифоъ дар кишвар, фаъолияти адвокатии 134 нафар лағв шудааст. Ҳамин тавр 371 вакили дифоъ тавонистанд имтиҳони тахассусиро бисупоранд.
Имтиҳони тахассусӣ ё касбии вакилони мудофеъ баъд аз қабул ва ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ дар соли ҷорӣ сурат гирифт. Талаби супурдани имтиҳоне, ки аз 1000 савол доир ба ҳуқуқ, таърих, сиёсат ва ҳатто фарҳанги миллӣ иборат аст, ба гуфтаи масъулони Вазорати адлия, ба хотири боло бурдани сатҳи касбияти вакилони дифоъ ва беҳтар кардани хидматрасониҳои ҳуқуқӣ ба мардум аст. То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.
Дар пайи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ бархе аз онҳо гуфтанд, ки ин қонун назорат аз болои корашонро шадидтар карда, бештар роҳи халосӣ аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадост. Бар асоси ин тағйиру иловаҳо, афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда дар Тоҷикистон низ аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳруманд.