Бернӣ Сандерс аз хонум Клинтон ҷонибдорӣ кард

Бернӣ Сандерс дар райгирии умумии Ҳизби Демократ гуфт, ки Ҳилларӣ Клинтон “бояд раиси ҷумҳури ояндаи Амрико интихоб шавад”. Вай ин нуктаро зимни суханони худ дар ҷараёни пешбарии номзади ягонаи ҳизб ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҳақи рақиби пешини ҳизбии худ баён дошт.

Сандерс гуфт: “Мо ба раҳбаре ниёз дорем, ки мардуми моро муттаҳид ва қаввитар кунад, на раҳбаре, ки ҷудоиандоз бошад”.

Сандерс рақиби сарсахти хонум Клинтон дар муборизаҳои интихоботӣ барои расидан ба мақоми номзадӣ аз ҳизб буд, вале ҳоло рақиби пешини худро чун номзад қабул кардааст.

Райгирии умумии ҳизбӣ бо рақобатҳои ҷонибдорони ин ду довталаби номзадӣ оғоз ёфт. Интизор меравад, ки суханронии вай ҷонибдорони ин ду довталабро муттаҳид мекунад, то дар интихоботи 8 ноябр номзади зиддунақизи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трампро шикаст диҳанд, номзадеро, ки суханони “пуртумтароқ” мегӯяд, “тарсфурӯшӣ” мекунад, “носазо” мегӯяд ва “ҷудоиандозӣ” мекунад.