Ҳалокати 11 нафар дар таркише дар канори шаҳри Холис

Таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар постгоҳи амниятӣ дар вилояти Диёли Ироқ рӯзи 25 июл мунҷар ба ҳалокати дасти кам 14 нафар шуд. Ба иттилои расмӣ, маргталаб мошинро дар ҳоле инфиҷор кард, ки дар постгоҳи канори шаҳри Холис, воқеъ дар шимолу шарқи шаҳри Бағдод, мошинҳои зиёде барои вуруд ба шаҳр ҷамъ омада буданд. Дар ин ҳодиса асосан ронандагону мусофирон, аз ҷумла, занону кӯдакони микроавтобусе ҷон бохтанд, ки дар канори мошини инфиҷоршуда буд.

Дар ин ҳодиса дасти кам 30 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ ба зимма нагирифтааст, аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” кардаанд, ки ин гуна ҳамлаҳоро зиёд анҷом медиҳад.

Як рӯз пеш як маргталаб худро дар як минтақаи асосан шианишини Бағдод тарконд ва дасти кам 15 нафарро кушт.

Гуфта мешавад, амалиёти муваффақи нерӯҳои ироқӣ ва омодагиҳо барои аз дасти ситезаҷӯён озод кардани Мовсил, дуввумин шаҳри бузурги Ироқ, гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро сахт ба хашм овардааст ва онҳо нокомиҳояшон дар ҷангро бо ҳамлаҳо ба муассисаҳои ғайринизомии Бағдоду дигар шаҳрҳо ва ба мардуми осоишта ҷуброн кардан мехоҳанд.