Демократҳо номзад ба мақоми президентиро интихоб мекунанд

Ҳилларӣ Клинтон

Дар ИМА рӯзи 25 июл анҷумани миллии Ҳизби демократ баргузор мешавад, ки дар он расман номзади ҳизб ба мақоми президентӣ интихоб хоҳад шуд. Қарор аст, ки барои мақоми сарвари Амрико номзади ҳизб Ҳиллаӣ Клинтон, собиқ вазири умури хориҷии кишвар, мубориза барад.

Роббӣ Мук, раиси ситоди интихоботии хонум Клинтон, бо такя ба ақидаи коршиносон, рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки дар ифшои мукотибаи Кумитаи миллии Ҳизби демократ ниҳодҳои давлатии Русия даст доранд. Дар изҳороти Мук омадааст, ки ин боз як далели талоши Кремл барои мудохила ба ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар ИМА аст.

Сомонаи WikiLeaks рӯзи 22 май тақрибан 20 ҳазор номае нашр кард, ки бештари онҳо бо қазияи почтаи электронии Ҳилларӣ Клинтон рабт доранд.

Ҳамин моҳ вазорати умури хориҷии ИМА тафтиши қазияи аз сӯи хонум Клинтон истифода шудани сервери шахсияш барои интиқоли номаҳои расмиро аз сар гирифт. Соли гузашта хонум Клинтон ҳама мукотибаи худ – тақрибан 55 ҳазор номаи электрониро дар ихтиёри вазорати умури хориҷа гузошта буд. Баъзе аз ин номаҳо нашр шуданд. Нашри як бахши дигари ин номаҳо, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз нигоҳи амниятӣ номумкин аст.

Моҷарои истифодаи сервери шахсӣ барои интиқоли номаҳои расмӣ аз сӯи Ҳилларӣ Клинтон тамоми давраи талошҳои ӯ барои дарёфти номзадии Ҳизби демократ дар интихоботи президентии ИМА идома дорад. Бар пояи меъёрҳои амниятӣ, хонум Клинтон барои ирсоли ин номаҳо бояд фақат аз сервери давлатӣ истифода мекард. Қаблан ӯ барои ин кораш расман узрхоҳӣ карда буд.

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 8 ноябр баргузор мешавад. Чанд рӯз пеш миллиардер Доналд Трамп расман номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон интихоб шуд.