Маводи мунфаҷираро дар даромадгоҳи қаҳвахонае дар шаҳри Ансбахи Баврияи Олмон фирории 27-сола аз Сурия тарконидааст. Дар ин бора вазири умури дохилии Бавария Йоахим Ҳерман рӯзи 25 июл хабар дод.
Дар натиҷаи таркиш, ки шоми 24 июл ба вуқӯъ пайваст, 12 нафар ҷароҳат бардоштанд, худи маргталаб ба ҳалокат расид.
Полиси Бавария ҳамлаи террористӣ будани таркишро аз эҳтимол дур намедонад.
Йоахим Ҳерман дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ки маргталаб ду бор аз бемориҳои рӯҳӣ табобат гирифта ва ду бор қасди худкӯшӣ карда буд.
Чанд соат пеш аз таркиш ба маргталаб иҷозаи вуруд ба ҷашнвораи мусиқиро надода буданд. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Бавария, шояд ҳадафи асосии маргталаб ин ҷашнвора буд. Аз сӯи дигар, шояд бомба пеш аз вақт таркида бошад, ҳадс мезанад Ҳерман.
Баъд аз таркиш ҷашнвораи мусиқӣ қатъ шуд ва тақрибан 2500 нафар ба ҷойи амн интиқол ёфтанд.