Дар Туркия ҷияни Фатҳулло Гулен боздошт шуд

Дар Туркия ҷияни Фатҳулло Гулен бо номи Муҳаммад Саид Гулен боздошт шуд. Расонаҳои хабарии ин кишвар гузориш додаанд, ки мумкин аст вайро барои даст доштан дар терроризм гунаҳгор эълон кунанд. Хабаргузории Франс пресс ҳамчунин аз боздошти Холис Ханҷӣ-ёвари аршади Гулен хабар додааст.

Мақомоти Туркия Фатҳулло Гулен-рӯҳонии мухолифи ҳукуматро, ки дар Амрико ба сар мебарад, дар ташкили талоши кудетои давлатии шаби 15 ба 16 июл гунаҳгор медонанд. Вале вай ин иддаоро комилан рад мекунад.

Рӯзи шанбе Раҷаб Тайип Эрдуғон- раиси ҷумҳур дархост кард, ки бештар аз ҳазор мактаби хусусӣ, бештар аз ҳазор бунёд ва бештар аз 30 муассисаи тиббӣ, 15 донишгоҳ, ки барои робита бо ҷонибдорони Гулен шубҳаовар ба назар мерасанд, бояд баста шаванд.

Эрдуғон ҳамчунин қавл додааст, ки дар артиш поккории ҷиддӣ анҷом хоҳад дод. Барканории дастаҷамъонаи кормандони давлатӣ ва низомиён идома дорад.