Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар анҷуманаш дар Кливленд расман миллиардер Доналд Трампро ҳамчун номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ кард. Овоздиҳии рӯзи 19 июл нуқтаи ниҳоии сабқати тӯлоние шуд, ки дар тӯли он Трамп 16 довталаби дигар аз ҳизби ҷумҳурихоҳро шикаст дод. Трамп дар як паёми видеоӣ ба аҳли анҷуман пешбарии номзадиашро “натиҷаи таърихӣ” ва “бузургтарин овоздиҳӣ дар таърихи ҳизби ҷумҳурихоҳ” номид. Трамп бо баёнияҳои пурсарусадояш, аз ҷумла пиромуни сохтани девор дар марз бо Мексика, манъи муҳоҷирати мусалмонон ба Амрико ва изҳори назарҳояш дар бораи занон дар тӯли корзори номзадиаш сару садои зиёде ба по кард. Интизор меравад, ки дар интихоботи саросарии рӯзи 8 ноябр Доналд Трамп бо Ҳиллари Клинтон аз ҳизби демократ вориди рақобат шавад. Пешбарии расмии номзадии Клинтон дар анҷумани ҳизби демократ ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт. 8 соли охир Кохи Сафед дар дасти намояндаи демократҳо Барак Обама буд, ки бо хатми мӯҳлати дувум ва ниҳоии раёсаташ акнун тарки мақом мекунад.