Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон худро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия овехтааст. Пулиси Петербург гуфт, наздики соати сеи шаб як сокини маҳаллӣ ба пулис занг зада, хабар додааст, ки як марди ҷавон худро дар даромадгоҳи дувуми бинои рақами 10/1 дар кӯчаи Олег Дундич овехтааст. Маълум шудааст, ки ӯ 23 сол дошта, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ин нахустин мавриди худкушии шаҳрвандони тоҷик дар Русия нест. Моҳи май як духтари 13-сола аз Тоҷикистон дар ноҳияи Суворови вилояти Тула даст ба ҷони худ зад. Дар моҳи апрел ва ибтидои моҳи май се муҳоҷири ҷавони тоҷик дар шаҳри Петербургу вилояти Ленинград худкушӣ карданд. Наврӯз Саидалиев аз рустои Шерхони ноҳияи Ховалинг 19 сол, Мӯҳриддин Аминови аз рустои Зерободи ноҳияи Айнӣ 31 сол ва Ҳусейн Саидов, сокини шаҳри Душанбе ҳамагӣ 29 сол доштанд. Иллати худкушии Наврӯз Саидалиев ва Мӯҳриддин Аминов ҳанӯз рӯшан нест, вале Ҳусейн Саидов, ба гуфтаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, аз бонк қарздор буд ва азбаски “натавонистааст қарзи бонкро баргардонад, худро ба дор овехтааст.”