Йилдирим: Аснод барои истирдоди Гуленро ба ИМА фиристодем

Биналӣ Йилдирим

Нахуствазири Туркия мегӯяд, ки Анкара асноди зарурӣ барои истирдоди рӯҳонии муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гуленро ба ИМА фиристодааст. Мақомоти Туркия Гуленро дар даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 июл айбдор мехонанд, ки дар он тақрибан 300 нафар ба ҳалокат расиданд.

Биналӣ Йилдирим рӯзи 19 июл дар ҷаласаи парлумони Туркия гуфт, мо чаҳор санад дар бораи истирдоди раҳбари террористҳоро ба Иёлоти Муттаҳида фиристодаем ва дар сурати зарурӣ метавонем санадҳои бештарро дар ихтиёрашон гузорем. Нахуствазири Туркия Амрикоро дар меъёрҳои дугона дар муборизааш бо терроризм айбдор намуд. Аммо Вошингтон мегӯяд, мавзӯи истирдодро фақат дар ҳоле баррасӣ мекунад, ки санадҳои мӯътамади ҷурми Гуленро зери даст дошта бошад.

Аз ин пеш Биналӣ Йилдирим дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки дар ҷараёни табаддулоти давлатӣ ошӯбгарон 208 корманди пулис, сарбоз ва сокини осоиштаро куштаанд. Тақрибан 1,5 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Бино бар иттилои охир, дар маҷмӯъ дар ин ҳаводис 290 нафар ҷон бохтаанд.