Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, ки дар пурра қатъ шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи бародараш Наҷмиддин Саидов - раҳбари намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара заррае даст надорад. Ӯ рӯзи 19 июл дар посух ба суоли хабарнигори Озодӣ, ки боздошт ва раҳоии бародарашро чӣ гуна шарҳ хоҳад дод?, гуфт, "аз он ки бегуноҳии бародари ман собит шуд, ин натиҷаи волоияти қонун дар Тоҷикистон аст. Чун дар кирдори бародарам таркиби ҷиноят набудааст, озод карданд. Шукр, ки имрӯз волоияти қонун ҳаст."
Аммо Абдуфаттоҳи Ғоиб дар мавриди он ки дар ин замина номи ӯ бештар сари забонҳо буд, гуфт, "мо фарди вазифадор ҳастем ва ҳатман номи моро менависанд, ё мегиранд. Ин як амри табиӣ аст."
ГУЗОРИШИ ВИДЕОӢ ИНҶОСТ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наҷмиддин Саидов, раҳбари намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар Данғара, охирҳои соли гузашта боздошт шуд. Он вақт як манбаи Озодӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфта буд, ки Саидов аз як шаҳрванд 400 ҳазор доллар гирифтанӣ шуда ва дар вақти дарёфти қисмате аз ин маблағ боздошт шудааст.
Вале моҳи июни соли ҷорӣ парвандаи Наҷмиддин Саидов "бинобар тасдиқ нашудани фикри айбдорӣ" қатъ шуд. Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфт, ки қаблан нисбат ба Наҷмиддин Саидов ва ду ҳамроҳаш бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қаллобӣ” парванда боз шуда, вале дар ҷараёни тафтишот иттиҳоми алайҳи ӯ тасдиқи худро наёфтааст.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, ду нафаре, ки бо Наҷмиддиин Саидов риштаи дӯстӣ дошта ва ҳоло дар боздоштанд, ҳангоми қаллобӣ аз номи ӯ сӯиистифода кардаанд.
“Дар ҷараёни тафтиши парванда маълум шуд, ки Саидов дар ин ҷиноят даст надорад. Ин ду нафар ҳам дар бозпурсиҳои такрорӣ иқрор шуданд, ки воқеан, барои амали қаллобии худ аз номи Наҷмиддин Саидов истифода кардаанд. Онҳо зимни анҷоми амали қаллобиашон ба ҷабрдида гуфтаанд, ки мо дӯсти додари роҳбари Хадамоти гумрук ҳастем,” - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ин манбаъ мегӯяд, ба ин далел парванда пурра қатъ шуда ва нисбат ба Наҷмиддин Саидов ҳеч иттиҳом вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, аммо нисбат ба ду ҳамроҳи Саидов парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, ки дар гузашта ба ҳайси раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекард, як соли қабл ба курсии раиси Хадамоти гумрук нишаст. Раҳбари пешини ин хадамот Рустами Эмомалӣ ҳоло ба ҷои ӯ раҳбари Оҷонсии зиддифасод шудааст.