Мақомоти Туркия фаъолияти тақрибан 8 ҳазор корманди пулисро баъд аз талоши кудетои нокоми низомӣ боздоштаанд. Дар ин бора хабаргузории Анадолуи Туркия 18 июл аз қавли вазорати корҳои дохила гузориш дод.
Бештар аз 7 500 нафар, аз ҷумла кормандони адлияву низомӣ, генералҳо дар робита бо талоши кудетои 15 июл боздошт шудаанд.
Тавре ки матбуоти маҳаллӣ хабар медиҳад, мақомоти Туркия ҳамчунин даҳҳо нафар раисони шаҳрҳову ноҳияҳоро барканор кардаанд. Ҳамзамон Раҷаб Тайип Эрдуғон-эълон кардааст, ки поккориро идома хоҳад дод.
Эрдуғон ҳамчунин гуфт, ки кишвари вай дубора барқарор кардани ҳукми қатлро барои ширкаткунандагони талоши кудето баррасӣ хоҳад кард.
Ҳукумат 18 июл гуфт, ки 208 нафар, аз ҷумла 145 шаҳрванд кушта, бештар аз 1 490 нафар дар ҷараёни нооромиҳо ҷароҳат бардоштаанд.