Фатҳуллоҳ Гулен иттиҳоми ташкили кудаторо рад кард

Фатҳуллоҳ Гулен

Рӯҳонии маъруфи турк Фатҳуллоҳ Гулен иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар Туркияро рад кард. Гулен, ки аз соли 1999 ба ин сӯ дар ҳиҷрат дар аёлати Пенсилванияи Амрико ба сар мебарад, шоми 16 июл ба хабарнигорон гуфт, аз кудатои низомӣ дарак надошт ва ҳама гуна талошҳои аз роҳи зӯрӣ соҳиби қудрат шуданро маҳкум мекунад.

Сӯҳбати Фатҳуллоҳ Гулен бо хабарнигорон дар маркази исломӣ баъд аз он баргузор гардид, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ӯро дар ташкили табаддулоти давлатӣ айбдор намуд.

Ба гуфтаи рӯҳонии маъруф, сабабҳои даст ба кудато задани низомиён метавонад гуногун бошад, шояд онҳо аз ҷонибдорони ҳизбҳои мухолифи давлат буданд.

Ҳангоми гирдиҳамоӣ дар шаҳри Истамбул Эрдуғон аз раисиҷумҳури ИМА Барак Обама хост, ки Гуленро ба Туркия истирдод кунад.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи шанбе изҳор намуд, ки Вошингтон барои баррасии дархости Туркия дар робита ба истирдоди рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гулен омода аст. Аммо барои баррасии ин мавзӯъ мақомоти амрикоӣ бояд далелҳои мӯътамади даст доштани ӯ ба фаъолияти зиддиҳукуматиро дар ихтиёр дошта бошанд, афзуд Ҷон Керрӣ.

Фатҳуллоҳ Гулен, ҳампаймони пешини Эрдуғон буд ва ҳоло аз рақибони сиёсияш маҳсуб мешавад.

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим рӯзи шанбе изҳор намуд, ҳар кишваре, ки аз Гулен пуштибонӣ мекунад, душмани Туркия эълон хоҳад шуд.

Кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки шаби 15 июлаз сӯи гурӯҳи низомиёни кишвар сурат гирифт, ноком шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар пайи талоши табаддулоти давлатӣ 161 нафар ба ҳалокат расида ва 1440 тани дигар захмӣ шудаанд. Нахуствазири Туркия рӯзи 16 июл ба шабакаи телевизионии Haberturk аз боздошти 2839 низомии дастдошта дар ин кудато хабар дод.