Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, раҳбари Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардидааст. Иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ 15 июл дар Душанбе баргузор шуд. Дафтари матбуоти палатаи болоии порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки интихоби Озода Раҳмон бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ сурат гирифтааст. Озода Раҳмон охири моҳи майи соли ҷорӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ интихоб шуд. Вай 14 апрел дар иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи пойтахт номзад ба узви Маҷлиси Миллӣ аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и шаҳри Душанбе пешниҳод шуда буд. Қаблан аз ҳавзаи чоруми пойтахт дар Маҷлиси Миллӣ Бахтиёр Худоёрзода – раҳбари собиқи дастгоҳи президент намояндагӣ мекард. Худоёрзода дар поёни моҳи январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд ва дигар ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллиро надорад.