Дар гузориши ҳуқуқи башари СММ омадааст, ки дар шарқи Украина ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия бидуни расидагӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ сарбозони Украинаро шиканҷа мекунанд ва ҳатто мекушанд.
Ин гузоришро 14 июл Комиссари Олии ҳуқуқи башари СММ ба нашр расондааст. Гузориш бар асоси омӯзиши сабабҳои куштори бештар аз 9 400 нафар сокинон дар минтақаи Донбасс омода шудааст ва он аз соли 2014 то моҳи маи соли 2016-ро дар бар мегирад.
Дар гузориш омадааст, аз 2000 нафаре, ки кушта шудаанд, аҳолии маҳаллӣ будаанд. Зайд Раъад Ҳусейн-Кумиссари Олии ҳуқуқи башари СММ гуфтааст, масъулият барои чунин рафтор ба таъмини сулҳи устувор замина фароҳам меорад.