Тоҳирҷон Ҷалилов, муовини пешини раиси ширкати саҳомии "Ӯзавтосаноат" ва раҳбари пешини GM Uzbekistan ва як қатор мақомҳои баландпояи дигари ин корхонаи муштараки Ӯзбекистону Амрико аз ҳисоби қарзи бонкҳои Русия соҳиби молу мулк ва сохторҳои тиҷорӣ шудаанд.
Бино бар хабарҳо, ҳоло 17 ҳазор мошине, ки дар бонкҳо замонат гузошта шуда буд, ҳабс гардидааст. Бар пояи асноди гуруҳи муфаттишони Ӯзбекистон, ки парвандаи қаллобӣ дар GM Uzbekistan-ро тафтиш доранд, ҳаҷми хисорот ним миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тибқи баъзе маълумотҳо, Ғайрат Ниёзов, ки солҳои дароз дар яке аз вазифаҳои раҳбарии корхонаи мошинсозии Ӯзбекистон кор мекард, пеш аз сафарбар шудан ба корхонаи "РАВОН МОТОРС РУС"-и Москва дар шаҳри Тошканд бозпурсӣ шудааст. Ба гуфтаи манобеъ, Ғайрат Ниёзов вазифадор шудааст, бо ҳар роҳе набошад 500 миллион доллари хисоротро пардохт кунад.
Манобеи наздик ба ҳукумати Ӯзбекистон мегӯянд, намояндаҳои амрикоии GM Uzbekistan намехоҳанд, Ниёзов дигар дар системаи идории ин корхонаи мошинсозӣ кор кунад. Онҳо ҳарос доранд, ки изҳорот дар бораи фасодкорӣ дар GM Uzbekistan эҳтимол аст, ба гӯши масъулини Вазорати адлияи ИМА бирасад. Ғайрат Ниёзов баъди рафтан ба Русия фурӯши тамоми амволи ҳабсшудаи Тоҳирҷон Ҷалиловро оғоз кардааст, то хисоротро пардохт кунад.
Тавре маълум гардид, Тоҳирҷон Ҷалилов, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад, дар Русия соҳиби як қатор амволи ғайриманқул ва корхонаҳои бузург будааст. Ба гуфтаи манбае аз "Узавтосаноат", Ҷалилов танҳо иҷрочии тарҳи чандмиллионӣ будааст. Бо ин ҳол, бунёдгузори ин идея ва ҳимоятгари он ҳанӯз ҳам дар вазифаҳои баланд кор мекунанд.