Атамбоев боздиди Меркелро "таърихӣ" арзёбӣ кард

Меркел шоми 13 июл вориди Қирғизистон шуд ва вайро дар фурудгоҳи байналмиллалии Манас Атамбоев пазироӣ кард.

Дар мулоқоти рӯзи 14 июл дар иқоматгоҳи раиси ҷумҳур Атамбоев гуфт, ки кишвараш ба ин боздид аҳамияти зиёд қоил аст ва ин боздидро “таърихӣ” номид, зеро бори аввал раҳбари Олмон аз Қирғизистон боздид кардааст.

Меркел ишора кард, ки Қирғизистон демократияро густариш медиҳад ва ин роҳ ба таҳкими робитаҳои миёни Берлину Бишкек мебарад. Баъд аз мулоқот бо Атамбоев хонум Меркел бо раҳбарони мазҳабиву қавмии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Боздиди Меркел аз Қирғизистон хусусияти рамзӣ дорад ва он як навъ бартарӣ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки дар миёни кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ интихоботи демократӣ баргузор кардааст, озодиҳои матбуотӣ ва мазҳабиро фароҳам овардааст.

Меркел баъд аз Қирғизистон ба Муғулистон меравад. Ин кишвар низ бо дастовардҳои демократии худ ном баровардааст. Вале раҳбари Олмон аз феҳристи боздидҳояш Узбакистону Қазоқистонро, ки нисбат ба Қиризистон кишварҳои дорои захоири ғании сӯхт мебошанд, хориҷ кардааст. Хонум Меркел аз Тоҷикистон низ боздид намекунад.