Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ин ҳафта бо мақомоти Русия дар робита ба ба бӯҳрони Сурия, қазияи Украина ва баҳси Озарбойҷону Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ музокирот хоҳад кард.
Бино ба иттилои расмӣ, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, қарор аст, ки Керрӣ рӯзи 14 июл, баъд аз ширкат дар тантанаҳо бахшида ба Рӯзи ишғоли Бастилия дар Фаронса вориди Маскав шавад. Сафари расмии ӯ ба Русия ду рӯз идома хоҳад кард. Вазорати умури хориҷии ИМА дар бораи бо кадоме аз мансабдорони воломақоми Русия гуфтушунид кардани Ҷон Керрӣ иттилоъ надодааст.
Дар бораи сафари Керрӣ ба Маскав рӯзи 7 июл дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии президенти Амрико Барак Обама бо ҳамтои русаш Владимир Путин тасмим гирифта шуд. Дар он сӯҳбат масоили марбут ба Сурия, Украина ва баҳси Озарбойҷону Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ шуда буд.
Бино ба иттилои вазорати умури хориҷии ИМА, Ҷон Керрӣ баъд аз Маскав ба Люксембург ва аз он ҷо ба Брюссел меравад, то ба хотири баррасии “бартариҳои сиёсати беруна” бо раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ гуфтушунид анҷом диҳад.