"Сабаби таркиши маргбор дар Бохтар беэҳтиётӣ буд". ВИДЕО

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон сабаби таркиши маргбор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Бохтарро “натиҷаи беэҳтиётӣ” дониста, дар ин бора ба ҳукумат хулосаашро пешниҳод кардааст.

Сулаймон Исоев – сардори ситод – 11 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аммо ҳанӯз маблағи хисорот аз ин таркиш ҳисоб нашуда, “бори масъулияти ин тарафи масъаларо ҳукумати Бохтар ва идораи ҳолатҳои фавқулодааш хоҳанд кашид”. Ӯ афзуд, “бар асоси ташхиси мо, ҳангоми холӣ кардани газ аз “Дулан” аз мошин шарораи оташ парида, боис ба ин фалокат шудааст. Хулосаи мо ҳамин аст, вале боз интизор мемонем, ки идораи ҳолатҳои фавқулода ва ҳукумати ноҳияи Бохтар чӣ хоҳанд гуфт?”

Дар ҳукумати ноҳияи Бохтар ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло барои ҳисоби зарари ин таркиш як кумисюни махсус таъсис шуда, базудӣ рақамҳои дақиқи зиёни расидаро пешниҳод хоҳад кард. Муҳаммадрасул Пиров, муовини раиси ноҳияи Бохтар, гуфт, онҳо феълан ба тоза кардан ё бартараф намудани паёмади таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ банд ҳастанд ва ҳисобу китоб зоҳиран то чанд рӯзи дигар идома мекунад.

Наворҳои нав аз таркиши Бохтар:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наворҳои нав аз таркиши Бохтар

Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Бохтар баъди зуҳри 9 июл сар зада, баъдан таркиши сахтеро ба дунбол дошт. Дар пайи ин ҳодиса Алихон Малахови 35-сола, сокини ҷамоати Бохтурободи шаҳри Сарбанд, ба ҳалокат расида, 17 тани дигар бо захмҳои гуноун бистарӣ шудаанд ва вазъи се нафари онҳо вазнин гуфта мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъд аз чанд соати ин таркиш гуфт, ки нуқтаи сӯзишвории гази моеи “Кафолат-Садбарг” дар канори роҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд ба соҳибкор Ҳакимов Сайнуриддин Фатҳуллоевич тааллуқ дошта, зарфи мошини газкашон таркидааст. Маҳмадрасул Пиров, муовини раиси ноҳияи Бохтар, мегӯяд, то кунун молики ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ чанд бор барои бозпурсӣ даъват шуда, дар бораи ин ҳодиса ва ҷузъиёташ ба мақомот маъмулот додааст.

Бо гузашти ду рӯз аз ин ҳодиса сокинони атрофи ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, касе ба суроғашон наомада ва нагуфтааст, ки оё барои онҳо низ кумак ҷудо хоҳад шуд, ё на. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, таркиш натанҳо дасту пойи баъзеи онҳоро сӯзонд, балки дарахту киштзоронашонро низ ба коми нобудӣ бурд.

Ҳарчанд хонаводаи Алихон Малахов, марде, ки дар таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҷон додааст, аз суҳбат бо мо худдорӣ карданд, вале бархе аз сокинон гуфтанд, ки интизори ёрии мақомот ҳастанд. Файзиддин Тӯраев мегӯяд, дар пайи таркиш баъзе аз қисматҳои бадани ҳамсар ва ду фарзандаш сӯхтаанд ва ҳоло дар хона табобат мегиранд, ки харҷи зиёд дорад.

Гулрухсор, ҳамсари Файзиддин Тӯраев, ҳам гуфт, " вақте хостем, ки бигурезем, оташ парида сару танамонро сӯзонд. Гӯшу пойи худам сӯхтааст. Пойи духтарам низ сӯхтааст. Пушти писарам аз оташ осеб дидааст. Ба беморхона рафтем, вале ҳама доруҳоро аз пули худамон харидем. Дару тирезаамон низ шикаста, дарахтҳоямон хушк шудаанд... "

Бархе аз манобеи расмӣ мегӯянд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар ин таркиш боми як тарабхона, боми панҷ хонаи истиқоматӣ, як мағоза қисман, дарахтҳои зиёд ва чанд симчӯб хароб шудаанд. Аз идораи суғуртаи давлатии вилояти Хатлон ба Озодӣ гуфтанд, ки ду хона ва тарабхона суғурта ё бима шудаанд ва ҳар кадом аз 1000 то 1500 сомонӣ кумакпулӣ хоҳанд гирифту бас.