Русия аз НАТО интиқод кард ва тавзеҳот хост

Мария Захарова

Русия дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои НАТО дар Варшава аз ин паймон интиқод кард, ки ба хатари аз ҷониби Русия “мавҷуднабуда” тамаркуз кардааст.

Дар давоми конфронси дурӯза раҳбарони ин паймон тасмим дар бораи истиқрори нируҳои НАТО дар Шарқи Аврупоро ба тасвиб расонданд ва он ҷавоб ба пайвастани нимҷазираи Қрими Украина ба Русия дар соли 2014 ва ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина мебошад.

Мария Захарова-намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷаи Русия дар изҳороте гуфт, Маскав мехоҳад, ки НАТО барои ин нақшаҳои худ дар мулоқоти Шӯрои НАТО-Русия 13 июл тавзеҳот диҳад.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия ҳамчунин гуфт, ки аз НАТО барои нақшаҳои Финландия роҷеъ ба тақвияти дифоъ дар Баҳри Балтик тавзеҳот хостааст.

Пештар НАТО гуфта буд, ки мехоҳад ҳамкориҳо дар бахши дифоъро бо Финландия ва Шветсия афзоиш ва машқҳои муштарак анҷом диҳад.