Худкушии 41 ноболиғ дар панҷ моҳ

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки дар панҷ моҳи гузашта 41 ноболиғ худкушӣ кардаанд. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, рӯзи 11 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “14 нафари онҳо писар ва 27 нафар духтаранд”. Вай афзуд, барои ҷилавгирӣ аз худкушии ноболиғон мисли кишварҳои дигар бояд дар Тоҷикистон ҳам марказҳои махсуси психологӣ ташкил шаванд. Далели худкушии ноболиғонро вазири маориф ва илм бештар ба “беморӣ” ва “ҷанҷолҳои хонаводагӣ” рабт дод. Ӯ гуфт, “сабабҳо бисёранд ва ин тамоюл танҳо хоси Тоҷикистон нест. Ба пуррагӣ ҳам намешавад пеши роҳашро гирифт. Фақат мешавад, ки шиддаташро кам кард.”