Лаваш аз кист? Баҳси 5 кишвар бар сари нони тунук

Озарбойҷону Эрон, Қазоқистон ва Қирғизистону Туркия дар робита ба нонҳои тунук ё лавашро моли Арманистон эътироф кардани ЮНЕСКО эътироз кардаанд. Намояндагони панҷ кишвар дар ЮНЕСКО ҳуҷҷати дастҷамъии "Фарҳанги омода кардани нони тунук: лаваш, қотирма, жупка, юфка"-ро муаррифӣ кардаанд. Дар ин ҳуҷҷат навишта шудааст, ки лаваш мероси фарҳангии тамоми мардуми минтақа аст. ЮНЕСКО ин масъаларо дар ҷаласаи 11-уми ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад кард. Пештар аз ин, Арманистон пешниҳод карда буд, ки лаваш ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун "лаваши арманӣ" шомил карда шавад. Баъди эътирози Туркия ва Озарбойҷон номи ҳуҷҷат ба "Лаваш дар Арманистон" тағйир дода шуд.