Португалия ё Фаронса? Роналдо ё Гризманн?

Беш аз 5000 пулиси Фаронса маҳалли бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар варзишгоҳи “Stade de France” ва фан-зонаи гунҷоишаш 92 ҳазор нафар дар гулгашти Шампс- Елисей дар наздикии манораи Эйфел дар шаҳри Порисро дидбонӣ мекунанд. Моҳи ноябри соли 2015 се бомбгузори маргталаб худро дар даври ҳамин варзишгоҳи “Stade de France” тарконда буданд. Шаби 10 июл дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони футболи Аврупо тимҳои миллии Фаронса ва Португалия ба дидори ҳам мераванд. Дар соли 1998 ба хотири пирӯзии тими Фаронса дар Ҷоми ҷаҳонии футбол беш аз 1 миллион нафар ба кӯчаҳо рехта буд. Шореҳони футбол мегӯянд, натиҷаи ҳамин бозӣ маълум хоҳад кард, ки беҳтарин бозигари Евро-2016 ва шояд беҳтарин бозигари сол кӣ хоҳад шуд: Криштиану Роналдо аз тими Португалия ваё Антуан Гризманн аз тими Фаронса, ки ҳоло бо 6 гол нишонзани аввали ин сабқат аст?