Рӯзи 9 июл дар ҷараёни даргирии нирӯҳои амниятии Ҳинд ва эътирозгароне, ки дар маросими дафни фармондеҳи як гурӯҳи чирикии рӯ ба Покистон дар Кашмир ҷамъ шуда буданд, дастикам 11 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ба хотири фурӯ нишондани эътирозҳо дар пайи эълони хабари кушта шудани Бурҳон Музаффар Ванӣ, фармондеҳи Ҳизбулмуҷоҳиддин ва ду ҷангҷӯи дигар дар рӯзи 8 июл дар ин минтақаи ошӯбзадаи кӯҳистони Ҳимолой қуюди шабгардӣ ҷорӣ карданд. Вале баробари паҳн шудани хабари қатли Ванӣ дар минтақаҳои гуногуни Кашмир даргириҳои хушунатомез сар зада, эътирозгарон 5 бинои идораҳои давлатӣ ва шӯъбаҳои пулисро оташ заданд. Бино ба хабарҳо, нирӯҳои амниятӣ баъди ба сӯи онҳо санг андохтани издиҳом алайҳи эътирозгарон оташ кушоданд. Пулиси Ҳинд қатли Ваниро “комёбии бузург алайҳи ҷангҷӯён дар Кашмир” ба қалам дод. Мақомот дар баҳои сари Ванӣ ҷоиза ваъда карда буданд. Аксари аҳолии Кашмирро мусалмонон ташкил медиҳанд, ки аз чирикиҳо пуштибонӣ мекунанд. Бар иловаи қуюди шабгарӣ, мақомоти Ҳинд хадамоти Интернетро дар ҷануби Кашмир баста, зиёрати солона аз мазори ҳиндуии Амарнатҳро мутаваққиф карданд. Вании 22-сола бо наворҳои таблиғотии гурӯҳаш маъруф буд ва бо номи аслиаш амал мекард. Дар охирин видеои нашркардааш ӯ аз ҷангҷӯён даъват карда буд, то ба он кормандони пулиси маҳаллӣ, ки ба гуфтаи Ванӣ, аз ишғоли Кашмир аз сӯи Ҳинд пуштибонӣ мекунанд, ҳамла кунанд. Кашмир аз замони касби истиқлоли Ҳинду Покистон дар соли 1947 мавзӯи баҳси ин ду кишвар боқӣ монда, ҳарду ба он даъво доранд. Ҳинду Покистон барои Кашмир се дафъа бо ҳам ҷангидаанд.