НАТО ба марзи Русия 4 баталйон мефиристад

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ин паймони низомӣ дар мавриди сиёсати “дифои қавӣ ва муколамаи созанда” дар қиболи Русия муттаҳид боқӣ мемонад. Ӯ дар рӯзи дувуми нишасти сарони НАТО дар Варшава гуфт, ин “паёми асосӣ”-и баррасии ин масъала дар рӯзи аввали ин нишаст дар шоми 8 июл аст. Дар посух ба ин суол, ки НАТО Русияро таҳдид мешиносад?, Столтенберг гуфт, ин паймон ягон “таҳдиди ҷиддӣ алайҳи ҳеҷ кадом аё ёрони НАТО-ро намебинад”, вале мушорикати стротегӣ бо Русия, ки НАТО аз замони хатми ҷанги сард барои рушди он талош мекард, натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Нишасти НАТО ҷиҳати истиқрори нирӯҳои нав дар Аврупои шарқӣ, ки аз лиҳози миқёс аз замони хатми ҷанги сард собиқа надоранд, қарор кардааст. Столтенберг рӯзе пеш гуфт, ки ин посух ба кумакҳои Русия ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина ва тасарруфи нимҷазираи Қрим аст. 4 баталйони иборат аз 1000 нафар ба раҳбарии Канада, Олмон, Бритониё ва Амрико дар Полша ва се кишвари Балтик мустақар хоҳанд шуд.