Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки як узви фирории "Ихвонулмуслимин" худро ба пулиси вилояти Суғд таслим кардааст ва ҳоло таҳқиқи парвандааш идома дорад. Аз ин нафар Орифҷон Эргашев – имоми пешини масҷиди "Тақво" ва муовини сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд ном бурда мешавад.
"Ихвонулмуслимин" соли 2006 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ эълон шуда, ҳатто дар замони ба сари қудрат расидани Муҳаммад Мурсӣ, аз раҳбарони ин ташкилот дар Миср ба фаъолияташ иҷоза нашуда буд.
Масъулони раёсати корҳои дохилии Суғд 7 июл ба Озодӣ гуфтанд, ки Орифҷон Эргашев баъди боздошти шаш имом-хатиби узви "Ихвонулмуслимин" дар чори моҳи пеш аз кишвар фирор карда буд ва пас аз шунидани эҳтимоли афваш баъди пушаймонӣ дубора ба кишвар баргаштааст. "Аввал ба Дубай ва сипас аз он ҷо ба Русия рафтааст. Вақте мефаҳмад, ки касе ихтиёрӣ аз узвияташ дар ҳизбу созмонҳои мамнуъ пушаймон шудааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд, ба Тоҷикистон баргаштааст", - гуфт ин манбаъ.
Алайҳи Орифҷон Эргашев бар асоси қисми дуи моддаи 307 (иловаи 2)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ" айб эълон шуда, дар ҳоли ҳозир додситонии Суғд ба таҳқиқи қазияаш машғул аст. Дар додситонӣ гуфтанд, ки дар сурати собиқаи ҷиноӣ надоштанаш ин узви "Ихвонулмуслимин"-ро аз боздошт раҳо хоҳанд кард.
Орифҷон Эргашев дар бозпурсиҳои аввалия ба маъмурони пулис гуфтааст, ки солҳои 1993-2001, ҳангоми таҳсил дар хориҷа ба "Ихвонулмуслимин" шомил гашта буд. Ӯ афзудааст, дар муддати тахминан 15 соли фаъолияташ ба ҳайси мударриси мадрасаи Хуҷанд, имоми масҷиди "Тақво" ва муовини сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини маркази Суғд ақидаҳои ин созмонро тарғиб мекард ва барои ин кораш солона 3-4 ҳазор доллар мегирифт.
Мақомот бо ин вуҷуд аз кишваре, ки Орифҷон Эргашев дар он таҳсил кардаву ба созмони "Ихвонулмуслимин" пайвастааст, мушаххасан ном набурданд. Вале зимни муҳокимаи додгоҳии парвандаи додгоҳии 6 имом-хатиби Суғд дар моҳи гузашта эълон шуда буд, ки онҳо таҳсилкардагони мадрасии исломӣ дар Иморати Муттаҳидаи Араб мебошанд. Онҳо имом-хатибон ва ходимон дар масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳрҳои Гулистон (Қайроққум), ноҳияҳои Конибодому Бобоҷон Ғафуров, Исфара ва шаҳри Хуҷанд буданд.
Дар байни онҳо Ҳамзаалӣ Султонов ҳам буд, ки 2-3 сол пеш аз Орифҷон Эргашев масъулияти имоматӣ дар масҷиди “Тақво”-и шаҳри Хуҷандро ба дӯш гирифта буд. Онҳо моҳи марти соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд дастгир шуданд ва моҳи июн додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамаи онҳоро ба мӯҳлати аз 3 то 3 солу 4 моҳ ба зиндони низомаш сангин равон кард.
Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои яке аз ин афрод - Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум) дар мусоҳибаи қаблиаш бо Озодӣ гуфта буд ки нафари таҳти ҳимояташ дар толори додгоҳ иқрор кардааст, ки воқеан узви созмони мазкур буд, вале амале бар зарари давлати Тоҷикистон анҷом надодаанд.