Киштии кайҳони "Союз МС" аз пойгоҳи Байконури Қазоқистон ба фазо парвоз кард. Оҷонсии русии “Роскосмос” рӯзи 7 июл хабар дод, ки баъд аз нӯҳ дақиқаи парвоз “Союз МС” аз мушаки сеюми киштибар ҷудо шуд. Қарор аст, ки киштӣ рӯзи 9 июл бо Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ (ИБК) васл шавад. Се сарнишини киштӣ – шаҳрванди Русия Анатолий Иванишин, шаҳрванди Ҷопон Такуя Ониши ва хонуми амрикоӣ Кэтлин Рубинс тайи 115 шабонарӯз дар ИБК мемонанд.
Парвози киштии “Союз МС” чанд бор мавқуф гузошта шуд. Бори ахир хабар дода шуд, ки парвоз рӯзи 24 июн сурат мегирад ва аммо сипас бар асари мушкилоти фаннӣ ба рӯзҳои 7-8 июл вогузошта шуд. Бино ба хабарҳо, мушкил дар барномаи компутарии киштӣ буд ва рафъи он ду ҳафта идома кард.
Роскомос мегӯяд, ки эҳтимолан "Союз МС" – охирин киштӣ аз силсилаи “Союз"- ҳост ва он солҳои наздик ба киштии нави “Федератсия” иваз карда мешавад.