Нируҳои Сурия ба таври якҷониба дар саросари кишвар оташбаси се шабонарӯзӣ ё 72 соатӣ эълон кардаанд. Ин оташбас 6 июл соати 13 ба вақти маҳалӣ оғоз меёбад ва то ҳамин вақти рӯзи 8 июл давом мекунад.
Дар ин бора хабаргузориҳои байналмиллалӣ гузориш додаанд. Ин эъломия бо рӯзҳое дуруст меояд, ки дар ҷаҳони ислом дар поёни моҳи Рамазон Иди Фитрро ҷашн мегиранд.
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Гурҷистон гуфт, “мо аз ин эъломияи Сурия хеле хуш истиқбол мекунем ва умед дорем, ки ҳамаи ҷонибҳо онро риоят мекунанд”.
Оташбасе, ки моҳи феврал бо миёнҷигарии Амрикову Русия оғоз ёфта буд, дер давом накард ва ба сабаби даргириҳои гурӯҳҳои маҳаллӣ ноком шуд. Қудратҳои ҷаҳонӣ низ натавонистанд дар хатми ҷанги дохилии 4 ,5 солаи Сурия ёрӣ расонанд.