Садҳо нафар эрониён дар маросими шамъгузории мотам ба сабаби даргузашти филмсози машҳур Аббос Киёрустамӣширкат ҷустанд. Вай дар синни 76 солагӣ аз беморӣ дар бемористоне дар Пориси Фаронса даргузашт ва бештар аз 40 сол машғули сохтани филм буд.
Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон 5 июл дар сафҳаи Твиттери худ навишт, “муносибати ҷиддии вай ба зиндагӣ ва даъваташ ба сулҳу дӯстӣ” дастоварди ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.
Ҳунармандону синамогарони эронӣ, аз ҷумла филмсоз Асғар Фарҳоӣ, ки дар соли 2012 барои филми “Ҷудоӣ” нахустин ҷоизаи Оскарро барои Эрон гирифта буд, таслияти худро баён доштаанд.
Мартин Скорсӣ-филмсози афсонавии Ҳолливуд гуфт” вай воқеан ҳам яке аз ҳунармандони бузурги мо буд”.
5 июл садҳо нафар эрониён, ба шумули ҳунармандони синамо, дар Музеи синамои Теҳрон гирдиҳам омаданд ва дар атрофи тасвири бузурги Киёрустамӣ шамъ фурӯзон карданд.
Ҳафтаи оянда ҷасади Киёрустамӣ барои ба хок супурдан ба Эрон оварда мешавад.