Додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии Маскав дар мурофиае дар шаҳри Брянск ду зодаи Чеченистонро бо иттиҳоми қасди пайвастан ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Дафтари матбуоти ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Брянск рӯзи 5 июл хабар дод, ки Юсуп Амиралиев ва Ҷебр Воҳидов ҳангоми талоши убури марзи Русия бо Украина бо шиносномаҳои қалбакии Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Погар” дастгир шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ҳарду қасд доштаанд, дар Сурия аз тарафи “Давлати исломӣ” биҷанганд. Додгоҳ ҳардуро 10 00-рублӣ ҷарима ҳам бастааст. Фаъолияти “Давлати исломӣ” дар Русия ва Тоҷикистон манъ шудааст.