Интиқоли ҷанозаи қурбониёни суқути Ил-76 ба Иркутск

Талоши хомӯш кардани сӯхтор тавассути ҳавопаймову чархболҳо идома дорад

Ҷанозаи ҳама қурбониёни суқути ҳавопаймои Ил-76- ки вазорати ҳолатҳои изтирории Русия рӯзи 4 июл аз ҷойи ҳодиса ба шаҳри Иркутск интиқол дода шуд. Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, баъд аз ташхис ҷанозаи сарнишинҳо ба шаҳри Маскав фиристода мешавад.

Ҳавопаймои Ил-76 бо 10 сарнишину наҷотбахш ба хомӯш кардани сӯхтор дар вилояти Иркутск машғул буд ва рӯзи 1 июл баъди бори дуввум ба макони сӯхтор парвоз кардан аз радарҳо нопадид шуд.

Барои ҷустуҷӯи Ил-76 як ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирорӣ сафарбар шуд. Дар маҷмӯъ 500 нафар тайи се рӯз ба ҷустуҷӯи ҳавопаймо машғул буданд, менависанд расонаҳои русӣ.

Пораҳои ҳавопаймо ва ҷасади сарнишинҳо дар вилояти Иркутск рӯзи якшанбе ошкор карда шуданд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ”қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймо ҳам пайдо карда шуданд ва ҳолати онҳо “қаноатбахш” аст.

Дар вилояти Иркутск 4 июл рӯзи мотам эълон шудааст.