Шодӣ Шабдолов аз раҳбарии ҳизб рафт

Шодӣ Шабдолов

2 июл дар шаҳри Душанбе анҷумани 32 Ҳизби Куммунисти Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он Исмоил Талбаков раиси нави ин ҳизб интихоб шуд. Дар бораи гузаштани умури раҳбарии ин ҳизб аз Шодӣ Шабдолов ба муовини вай, яъне ба Исмоил Талбаков аз муддатҳо пеш дар доираҳои коршиносон сӯҳбатҳо дар миён буд.

Вале ин интихоб замоне ба мушкил дучор шуд, ки Шодӣ Шабдолов дар остонаи ин анҷуман изҳор дошт, ки бори дигар номзадиашро ба мақоми раҳбарии ҳизб пешниҳод мекунад. Ҳамин пешниҳоди Шабдолов дар поёни анҷуман баҳсу мунозираҳои намояндагони анҷуманро барангехт.

Саранҷом дар райдиҳии такрорӣ 35 нафар ба ҷонибдорӣ аз Исмоил Талбаков ва 22 нафар ба ҷонибдорӣ аз Шодӣ Шабдолов рай доданд. Баъд аз 25 соли раҳбарӣ Шабдолов раҳбарии дуввумин ҳизби бузурги Тоҷикистонро тарк кард. Вай яке аз сиёсатмадорони варзида ва шинохтаи Тоҷикистон аст.