Дар вилояти Иркутски Русия ҷустуҷӯи ҳавопаймои Ил-76-и вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, ки ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор дар ҷангалзор нопадид шуд, идома дорад.
Робита бо ин ҳавопаймо, ки даҳ нафар сарнишину наҷотбахш дошт, субҳи рӯзи 1 июл қатъ шуд. Дар бораи он ки бо ин ҳавопаймо чӣ ҳодиса рӯй додааст, иттилое нест.
Аз минтақае, ки ҳавопаймо нопадид шудааст, дуди ғафс боло мешавад ва ин ҳолат корҳои ҷустуҷӯиро мушкил кардааст. Як корманди хадамоти изтирории вилоят дар сӯҳбат ба Интерфакс гуфтааст, шояд ҳавопаймо ҳангоми парвоз дар болои ҷангал ба шоҳаҳои дарахтор бархӯрда суқут карда бошад.
Сарнишинҳо ҳангоми робитаи охири телефонӣ аз ягон мушкили фаннӣ шикоят накарда буданд, гуфтааст мусоҳиби хабаргузорӣ.
Ҳавопаймои Ил-76 бори дуввум субҳи рӯзи ҷумъа ба хомӯш кардани сӯхтор пардохта буд. Барои ҷустуҷӯи Ил-76 як ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирорӣ сафарбар шуд. Айни ҳол дар маҷмӯъ 300 нафар ба ҷустуҷӯи ҳавопаймо машғуланд, менависанд расонаҳои русӣ.