Бонки миллии Тоҷикистон ба моликони марказҳои савдо, дорухона, тарабхона, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва қабули пардохтҳои коммуналӣ ҳушдор додааст, ки то анҷоми соли ҷорӣ коргоҳашонро бо терминалҳои қабули пардохтҳои электронӣ муҷаҳҳаз кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд.
Дар изҳороти Бонки миллӣ, ки рӯзи 1 июл ба нашр расид, гуфта мешавад, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши билет, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва телефон, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилоти суғурта вазифадор мешаванд, ки дар коргоҳояшон терминалҳои қабули кортҳои электронии пулро насб кунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки ахиран дар моддаи 615-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид шудааст ва дар сурати саркашӣ кардани моликони корхонаву ташкилоти хусусӣ ва ё давлатӣ онҳоро ҷарима интизор аст.
Дар сурати иҷро накардани ин муқаррарот мансабдорони давлатиро аз 4 то 6 ҳазору 400 сомонӣ ва соҳибкорони инфиродиро аз 6 ҳазору 400 то 7 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима интизор аст.