Як зани тоҷик дар Корея "беҳтарин ихтироъкор" дониста шуд

Биҳамида Маҳкамова, устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, барои ихтирои "Фитосуман" - маводи зиддибактериявӣ - дар озмуни ҷаҳонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҷоизаи “беҳтарин зани ихтироъкор”-ро соҳиб шуд. Ин донишманди тоҷик 30 июн ба Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки истифодаи зиёди антибиотикҳои сахттаъсири ба инсон зараровар дар Тоҷикистону ҷаҳон ба як мушкил табдил ёфтааст, ин маҳлули ӯ пурра аз гиёҳҳои табиӣ омода шудааст ва безарар мебошад.

Дар нӯҳумин намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони ихтироъкор дар маҷмӯъ аз сӯи Маркази миллии патент кори се зани тоҷик пешниҳод шуда буд. Ибодат Умедова, як масъули Маркази миллии патент ва иттилооти Тоҷикистон, ки ихтирои донишмандони тоҷикро дар озмун муаррифӣ мекард, гуфт, ихтирои Зарина Яминова ва Мубоширхон Раҳимова, олимҳои тоҷик сазовори нишонҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд.

Дар маҷмӯъ, бино ба иттилои ин Марказ дар кишвар 140 зан барои ихтирои худ соҳиби патент шудаанд. Занони тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навоварӣ ва ихтироъ мекунанд. Гуфта мешавад ин бори аввал нест, ки ихтирои занони тоҷик дар ин озмуни ҷаҳонӣ ширкат ва сазовори ҷоизаҳои асосӣ мешаванд. Соли 2014 Мубошира Раҳимова, доктори фанҳои кимиё ва тиб, аз озмуни байналмиллалии ихтироъкорон дар Кореяи Ҷанубӣ барои ихтирояш дар соҳаи кимиё бо 4 медал, аз ҷумла бо нишони тиллоӣ баргашта буд.