Захмӣ шудани як сокини Конибодом аз тири марзбонҳои узбак

Ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом

Марзбонҳои узбак дар наздикии ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом, дар як минтақаи пурра мушаххаснашудаи сарҳади миёни Тоҷикистону Узбакистон, Ҳайдар Қӯзиеви 30-соларо захмӣ карда ва баъдан бо худ ба Қӯқанд бурдаанд. Эргаш Маҳмадҷонов, раиси деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар, 29 июн ба Озодӣ гуфт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта рух дода, Ҳайдар Қӯзиев ҳанӯз дар боздошт дар Узбакистон қарор дорад.

Ин сокини деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар соҳиби ду фарзанд будааст. Эргаш Маҳмадҷонов гуфт, Ҳайдар Қӯзиев асосан ба парвариши гов машғул буд ва ҳодисаи аз тири марзбонҳои узбак маҷруҳ шуданаш низ ба говбонияш рабт мегирад.

Ӯ афзуд, “Ҳайдар ҳамроҳи ду тани дигар дар поёни деҳа машғули говчаронӣ будаанд. Марзбонҳои узбак омада, 10-12 гови онҳоро бо худ бурдаанд. Баъд Ҳайдар мехоҳад, ки ба назди марзбонҳо рафта, говҳояшонро баргадонад, аммо вақте онҳоро дар рӯбарӯи худ мебинад, ба қафо ҳаракат мекунад. Марзбонҳои узбак аввал ба ҳаво тир зада, баъд ӯро аз паҳлӯяш захмдор кардаанд.”

Раиси деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар мегӯяд, мақомоти Узбакистон ин сокини Конибодомро аввал ба бемористони Бешариқ бурда, баъди каме беҳтар шудани вазъаш ба Қӯқанд интиқол додаанд. Мақомоти Узбакистон ахиран аз ҷониби Тоҷикистон хостаанд, ки шиносномаи Ҳайдар Қозиевро бо як тавсифнома дар бораи ӯ бифристанд.

Дар як соли охир ин бори дувум аст, ки дар ин минтақа марзбонҳои Узбакистон шаҳрвандони тоҷикро захмӣ карда, бо худ ба Узбакистон мебаранд. Моҳи июли соли гузашта марзбонҳои узбак Тулқинбой Усмонов ва Ҳушёр Қобилов –ду сокини ноҳияи Конибодомро вақти говбонӣ дар хоки Тоҷикистон дастгир карда, ба пойи Тулқинбой тир зада буданд.

Аммо мақомоти сарҳадбонии Узбакистон бо нашри иттилоияи расмӣ ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба талоши марзшиканӣ ва муқовимат ба сарҳадбонҳои ин кишвар муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомоти узбак, марзбонҳои он кишвар маҷбур шудаанд, ки дар пайи муқовимати ин ду шаҳрванди Тоҷикистон аввал ба ҳаво тир кушода, баъд ба пои Тулқинбой Усмонови 30-сола тир зада, аз по афтонанд.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, коршиноси маҳаллӣ аз Конибодом, мегӯяд, боздошти сокинони осоишта аз сӯи марзбонҳои Узбакистон асосан дар мавзеъҳои мушаххаснашудаи сарҳад сурат мегирад. Ӯ гуфт, "дар он ҷое, ки Ҳайдар Қӯзиев ҳадафи тири марзбонҳои кишвари ҳамсоя қарор гирифт, ягон аломате гузошта нашудаст, ки сокинонро аз ворид шудан ба минтақаи нейтрал огоҳ кунад. Сарҳадбонҳо ба ҷои он ки сокинон барои ақиб гаштан водор кунанд, ба сӯи онҳо тир мекушоянд. Ин, албатта, ҷои таассуф аст ва ҷонибҳо бояд бо роҳи гуфтушунид ин мушкилро ҳал кунанд."

Хатти марзи Тоҷикистону Узбакистон тахминан дар 10-километрии ҷамоати Патари Конибодом воқеъ аст. Сокинони маҳаллӣ он ҷоро Туғай меноманд. Танҳо як дидбонгоҳи баланд аз ҷониби Тоҷикистон ва дар тақрибан 100-метрии он симхор аз тарафи Узбакистон хатти сарҳади эҳтимолии ду кишвар дар ин маҳалро нишон медиҳанд.

Як канал ё обгузари кӯҳна, ки дар байни қамишу туғайзор тақрибан нопадид шудааст, хатти сарҳади эҳтимолӣ дониста мешавад. Шояд, ба сабаби серобу ботлоқӣ будан, Узбакистон ин қисмати хатти марзаш бо Тоҷикистонро минакорӣ накардаст.

Сокинони Патар мегӯянд, ки онҳо ба он ҷо асосан барои гову аспчаронӣ мераванд. Ин ҷамоати Конибодом ҳудуди 20 ҳазор аҳолӣ дорад, вале қисми зиёде аз онҳо ҷои кори доимӣ надоранд ва аксарият барои рисқу рӯзӣ ҳар баҳору тобистон роҳи Русияро пеш мегиранд.