Бар асари чаппа шудани як теппа дар кони тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг ду сокини ҷамоати Сариосиёи ин ноҳия ҷон бохтаанд. Раҷабалӣ Мирзоев, раиси ҷамоати Шугнов, 28 июн ба Озодӣ гуфт, ки ҳодиса шоми рӯзи гузашта иттифоқ афтода ва ҷасади бародарон Тоҳир Маҳмадов (1979) ва Дилшод Маҳмадов (1986) танҳо соати даҳи имрӯз аз зери хок берун оварда шудааст.
Ӯ гуфт, ки "намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода омаданд ва бо ёрии онҳо ҷасадҳоро аз зери хок ёфта ва ба хонаашон фиристодем. Онҳо соати ҳафтуними бегоҳ бо даст ба ҷустуҷӯи тило дар қитъаи якуми кони Шугнов сар карда будаанд."
Раиси ҷамоати Шугнов мегӯяд, дар пайи фаромадани теппа танҳо Тоҳир ва Дилшод Маҳмадовҳо ҳалок шудаанд. Аммо баъзе аз манобеъ аз ҳалокати се нафар суҳбат мекунанд, вале ин иттилоъ то ҳол расман таъйид нашудааст. Дар ҳамин ҳол, Абдулазиз Ҳакимов, раиси ҷамоати Сариосиёи Ховалинг мегӯяд, Тоҳиру Дилшод барои худ тило ёфтанӣ будаанд ва аз ин рӯ шомгоҳ ба кон даромадаанд. "Аз Тоҳир як писар ва аз Дилшод се писар мондааст," - гуфт ӯ.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир панҷ ширкат тариқи техника ба ҷустуҷӯи тилло машғуланд. Аммо дар баробари ин, беш аз ҳазор сокини Ховалинг дар ин мавзеъ тариқи даст низ тило ҷустуҷӯ карда, аз ин меҳнати сангин, аммо пурдаромади худ аробаи зиндагиашонро мечархонанд.
Қаблан як мақоми ноҳияи Ховалинг гуфта буд, ки кони Шугнов бештари сокинонро бо ҷои кор таъмин кардааст ва намояндагони ҷамоати Шугнов барои кор ба Русия намераванд. Аммо як сокини Шугнов гуфт, роҳати онҳо дар пайи ранҷи зиёди тилошӯӣ ба даст меояд. Ба гуфтаи ӯ, тариқи даст шустани регу қуми зиёд ва аз он пайдо кардани миқдори ками тило хеле мушкил аст.
Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тилои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт. Масъулон мегӯянд, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ Шугнов бо зӯри силоҳ моли қумандонҳо буд ва эшон аз фаъолияти худ дар ин мавзеъ ба касе ҳисобот намедонанд.