Ҳамоиши раҳбарони ҷавони Созмони Ҳамкории Шонгҳой

Моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамоиши раҳбарони ҷавони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Омски Русия баргузор мешавад. Тибқи хабари расонаҳои Русия, дар он 150 намояндаи Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Ҳиндустону Покистон ширкат хоҳанд ҷуст.

Онҳо аз 19 то 23 сентябр ҷаласаи Шӯрои ҷавонони Созмони мазкурро баргузор ва масъалаи дурнамо ва имкони ширкати ҷавонон дар кори ниҳодҳои ин созмон дар шароити тавсеаи ин созмонро баррасӣ хоҳанд кард.

Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2009 дар шаҳри Екатернибурги Русия ташкил шуда буд ва ҳадафи он додани пешниҳодҳо ба раҳбарони ин созмон дар мавриди масоили ҷавонон, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои варзишу маориф мебошад.