Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ва ҳамтои ӯзбекаш Ислом Каримов зимни мулоқоти дуҷониба дар ҷараёни саммити СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай) дар шаҳри Тошканд мушкили марзию муносибатҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
Дар ин бора Сафар Исақов, сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.
"Дар ин мулоқот масъалаҳои вобаста ба марз матраҳ шуданд. Тасмим гирифта шуд, ки гуфтушунидҳои дуҷониба дар ин бора идома ёбанд. Президентҳои ҳар ду давлат ҳам ба қароре омаданд, ки агар дар робита ба ин масъала нофаҳмие ба миён ояд, дар сатҳи сарвазирон баррасӣ хоҳад шуд. Раҳбарони ҳукуматҳо ҳам дастур гирифтанд, ки дар рӯзҳои наздик гуфтушунидеро анҷом диҳанд. Онҳо шояд бо ҳам вохуранд ё ба воситаи телефон суҳбат кунанд. Бар пояи тасмими президентҳои Қирғизистону Ӯзбекистон, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя бояд ба таври мусбат рушд кунанд", - гуфтааст Исақов.
Саммити СҲШ рӯзҳои 23-24 июн дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.