Дар Сурия даҳҳо сокини осоишта қурбони ҳамлаҳои ҳавоӣ шуданд

Рӯзи шанбе дар Сурия як деҳаи муҳосиракардаи "Давлати исломӣ" қурбони ҳамлаҳои ҳавоӣ шуд.

Тавре маркази ҳомии ҳуқуқи Сурия хабар медиҳад, деҳаи Ал-Қурияи вилояти Дайр-аз-Зор тирборон шудааст, ки беш аз 30 тани 47 кушташуда сокини осоиштанд.

Хабаргузориҳои Ғарбӣ менависанд, ҳоло дақиқ нест, ки зарбаҳоро ҳавопаймоҳои Русия задаанд ё Сурия.

Гуруҳи "Давлати исломӣ" қисмати бузурги вилояти Дайр-аз-Зорро дар шарқи Сурия зери назорат дорад.

Нерӯҳои ҳавоии Русия аз моҳи сентябри соли гузашта ба нерӯҳои ҳавоии президенти Сурия Башор Асад кумак мерасонанд.