Керрӣ барои баррасии Брекзит ба Аврупо меравад

Ҷон Керрӣ ва Федерика Могеринӣ (акс аз бойгонӣ)

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, бо мансабдорони аршади Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё дар робита ба раъйдиҳии таърихӣ оид ба хуруҷи Бритониё аз ин иттиҳодия музокирот хоҳад кард.

Мақомоти амрикоӣ рӯзи 26 июн гуфтанд, қарор аст, ки Керрӣ рӯзи 27 июн мавзӯи Брекзитро аввал бо раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ дар Брюссел ва баъдан бо вазири умури хориҷии Бритониё Филип Ҳаммонд дар Лондон баррасӣ кунад.

Ба гуфтаи як мансабдори аршади амрикоӣ, Ҷон Керрӣ ба он нукта таъкид хоҳад кард, ки аз ихроҷи дигар кишварҳо ва боз ҳам заифтар шудани Иттиҳодияи Аврупо ҷилавгирӣ шавад.

Интизор меравад, ки сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти худ дар Брюссел рӯзҳои 28 ва 29 июн мавзӯи раъйдиҳӣ дар Бритониёро баррасӣ кунанд. Парлумони Аврупо ҳам дар ин бора иҷлосияи махсус баргузор хоҳад кард.

Рӯзи шанбе хабар расид, ки беш аз 2 миллион шаҳрвандони Бритониё зери як номаи интернетӣ бо талаби баргузории раъйпурсии дуввум оид ба узвияти кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо имзо гузоштанд. Онҳо аз ҳукумат талаб доранд, аз меъёре кор гирифта шавад, ки бар пояи он бояд дасти кам 60 дар сад аз ихроҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ карда ваё алайҳи он овоз дода бошанд.Д ар сурати пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омадани камтар аз 75 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй бояд раъйпурсии такрорӣ баргузор шавад, пешниҳод кардаанд муаллифони номаи электронӣ.

Дар ҷараёни раъйпурсии рӯзи 23 июн 52 дар сади бритониёвиҳо аз хурӯҷи кишварашон ҷонибдорӣ карданд, 48 дар сад хостори дар ин ниҳод боқӣ мондани Бритониё шуданд.