Нерӯҳои ироқӣ охирин маҳаллаи шаҳри Фаллуҷаро аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карданд.
Ҳайати фармондеҳии Ироқ рӯзи 26 июн аз анҷоми амалиёт барои озод кардани Фаллуҷа хабар дод. Генерал-лейтенант Абдул Ваҳҳоб ал-Саидӣ дар мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ гуфт, “мо эълон медорем, ки низомиён маҳаллаи марказии Голанро аз террористон озод карданд ва ба мардуми Ироқ хабари хуш мерасонем, ки ҷанг барои Фаллуҷа поён ёфт”.
Ба гуфтаи ӯ, дар амалиёти озод кардани Фаллуҷа дасти кам 1800 тан аз ситезаҷӯён кушта шудаанд.
Амалиёти артиш барои аз таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” берун кардани шаҳри Фаллуҷа бо мусоидати ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи таҳти фармони Амрико ва шибҳанизомиёни шиа сурат гирифт.
Фаллуҷа аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” моҳи январи соли 2014 ишғол шуда буд. Ситезаҷӯёни ин гурӯҳ то ҳанӯз қаламрави бузургеро дар шимол ва ғарби Ироқ, аз ҷумла, Мовсил, дуввумин шаҳри бузурги кишварро зери назорат доранд.