Вазирони шаш кишвар паёмадҳои БРЕКЗИТ-ро баррасӣ мекунанд

Вазирони умури хориҷии шаш кишвари муассиси Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте дар пойтахти Олмон рӯзи 25 июн мавзӯъи бӯҳрон баъд аз раъйдиҳӣ оид ба берунрафти Бритониё аз Иттиҳодия (маъруф ба БРЕКЗИТ) ва истеъфои нахуствазири Бритониё Дэвид Кемерон ба думборли ин раъдиҳиро баррасӣ мекунанд.

Нишасти Берлин – нахустин мулоқот аз силсиламулоқотҳои вазирони умури хориҷии Олмон, Фаронса, Италия, Белгия, Ҳолланд ва Люксембург дар тули як ҳафтаи оянда аст.

Кумиссиюни интихоботии Бритониё рӯзи ҷумъа эълон кард, ки бештари мардуми кишвар аз хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ карданд. Дар раъйпурсии рӯзи 23 июн 52 дарсади мардум хостаанд, Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад ва 48 дарсад барои боқӣ мондан дар ин иттиҳодия раъй додаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди тарафдорони хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо назар ба мухолифонаш 1 миллиону 270 ҳазор нафар бештар будааст.

Баъд аз эълони натиҷаҳони раъпурсӣ садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ъа истиоҳот дар Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд то аз паёмадҳои ногувории берунравии Бритониё аз Итиҳодия ҷилавгирӣ шавад. Раҳбарони аврупоӣ мехоҳанд мутмаин шаванд, ки ихроҷи Бритониё ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии қора таъсири ҷиддие нахоҳад гузошт. Онҳо хостори нигаҳ доштани ваҳдат миёни 27 кишвари узв шуданд. Раиси Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер дар шарҳе, ки рӯзи 25 дар нашрияҳои Олмон чоп шудааст, аз эҳтимоли афзоиши изҳороти популистона дар дигар кишварҳои узв барои ташкили раъпурсиҳо оид ба тарки Итиҳодияи Аврупо ҳушдор дод.