Дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории як ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор, сокинонро ба парҳез аз истеъмоли маводи мухаддир ва ба сар бурдани ҳаёти солим тарғиб карданд. Ин дар ҳолест, ки шумораи нашъамандон дар ин минтақа тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Аксияи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди истифодаи маводи мухаддир ва муомилоти ғайриқонунии он рӯзи 24 июн дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо намоиши расмҳои мактабхон оғоз ёфт. Маликабону, хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 8-и Хуҷанд ва яке аз муаллифони ин аксҳо мегӯяд, онҳо мехоҳанд нишон диҳанд, ки истеъмоли нашъа одамро то нестӣ мерасонад. Ва дар муқобил тарзи ҳаёти солим, варзиш ва хониш зиндагии инсонро зебову рангин мегардонад.
Зебо Абдулова, сарвари Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Бӯстон, ки ҳамроҳи шогирдонаш дар ин аксия ширкат дошт, мегӯяд, ҷалби бачаҳо ба ин чорабинӣ бесабаб нест. Чунки аз байн бурдани нашъмандӣ танҳо бо тарбияти насли солиму ҳушманд ва огоҳ аз хатари нашъмандӣ, мумкин аст. Ба ақидаи хонум Абдулова, ин гуна чорабиниҳо ба хотири он, ки ҷомеаро аз хатари нашъмандӣ вай огоҳ мекунад ва роҳҳои эҳтиёт шудан аз нашъамандиро мефаҳмонад, муҳим аст.
Тоҷикистон дар масири аслии қочоқи маводи мухаддири Афғонистон аз ин кишвар ба хориҷ, ба хусус Русия қарор дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, табиист, ки миқдори каме аз маводи мухаддир дар Тоҷикистон мемонад ва қочоқбарону фурӯшандагони он истеъмолкунандагони дохилӣ ҷустуҷӯ мекунанд.
Шӯҳратҷон Абдуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд мегӯяд, соли равон дар ин минтақа беш аз 1300 нафар мӯътоди маводи мухаддир ба қайд гирифта шудаанд, ки назар ба соли қабл 5% зиёд аст. Вай гуфт, истеъмолкунандагони маводи мухаддир сол то сол “пиртар” мешаванд, яъне ҷавонон торафт камтар ба истеъмоли нашъ рӯ меоранд, вале аз сӯи дигар, ба гуфтаи вай, ҷои нигаронист, ки шумораи истеъмолкунандаи нашъа ба василаи сӯзандору сол то сол зиёд мегардад.
Сабти ном ва тақсими бепули сӯзан ба нашъамандон ва табобати афроди нашъаманд тавассути доруи “метадон” умдатарин ёриест, ки давлати Тоҷикистон бо мусоидати созмонҳои хайрияти байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати ба зиндагии оддӣ баргардонидани нашъамандон, анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи табибон, сӯзан ба хотири он ба нашъамандон ройгон дода мешавад, ки онҳоро аз мубтало шудан ба ангезаҳои бемориҳои вазнин, мисли ВИЧ ё гепатит ва бемории зардпарвини ҳимоят кунад. “Метадон” ба истилоҳ сӯзандоруест, ки ба нашаъмандон зада мешавад ва мисли нашъаи ҳақиқӣ таъсири манфии сахт надорад.
Нашъаманд бо истеъмоли метадон метавонад аз вобастагии маводи мухаддир раҳо ёбад. Ин усули табобат аз сӯи дармонгоҳи наркологии Суғд бо ёрии созмонҳои хайрияи ҷаҳонӣ чанд соли охир таҷриба мешавад.
Ба ҷуз дармонгоҳҳои давлатии наркологӣ, дигар табобатгоҳе вуҷуд надоард, ки нашъамандони тоҷик дар ватан табобат бигиранд ва аз қайди истеъмоли нашъа раҳо ёбанд. Чизе, ки мубориза алайҳи нашъамандиро мушкилтар кардааст.