Эронро ба узвияти Созмони Шанхай қабул накарданд

Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки таҳти нуфузи Чин қарор дорад, рӯзи 23 июн дар нишасти саронаш дар Тошканд бо вуҷуди дархости Русия Эронро ба узвияташ напазируфт. Ин созмони амниятӣ барои ҳам Маскав ва ҳам Пекин ҳамчун василаи густариши нуфузашон дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хидмат мекунад. Вале ба фарқ аз Русия, Чин дар мавриди ба ин созмон додани мавқеи шадидан зидди Ғарб истиҳола мекунад. Эрон дер боз барои узвият дар Созмони Шанхай талош дорад ва Русия гуфт, ки азбаски таҳримоти Ғарб алайҳи Эрон сабуктар шудаанд, Теҳрон ҳам метавонад узви ин созмон шавад. Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар созмони Шанхай гуфт, “мавқеи Русия дар мавриди пуштибонаиш аз шурӯи бидуни таъхири раванди пазируфтани узвияти Эрон рӯшан аст.” Ҳакимов гуфт, “усулан” касе ба ин пешниҳод мухолифат надорад, вале “бархе нукоти фаннӣ”, ки ҳаллашон замон мехоҳад, сабаби худдориии аъзои Созмони Шанхай аз пазируфтани узвияти Эрон шудааст. Дипломатҳои Чин, ки дар нишасти Тошканд ҳузур доранд, мавзӯъро шарҳ надоданд, вале вазири хориҷаи Чин Ванг Йи гуфт, Пекин мехоҳад пеш аз расиданӣ ба иқдомҳои дигар ба масъалаи пазируфтани узвияти Ҳинду Покистон, ки дар дастури кор қарор дорад, тамаркуз кунад.