Рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошканд нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай шурӯъ мешавад. Раҳбарони 6 кишвари узв ва ҳамчунин кишварҳои нозир дар пойтахти Узбакистон масоили амнияти минтақа ва вазъи кунунӣ дар Афғонистонро баҳс мекунанд. Кремл гуфт, ки дар Тошканд масъалаи дар соли 2017 ба узвияти Созмони Шанхай пазируфтани Ҳинду Покистон низ баррасӣ мешавад. Ҳарду кишвар умедворанд, ки дар ҳамин нишаст расман узви Созмони Шанхай шаванд. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия гуфт, дар Тошканд масъалаи узвияти Эрон дар дурнамо ҳам матраҳ хоҳад шуд. Созмони Шанхай феълан Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Афғонистон, Беларус, Эрон, Муғулистон ва Ҳинду Покистон дар ин созмон мақоми кишвари нозирро доранд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Тошканд қарор дорад, дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Шанхай бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов мулоқоти алоҳидае барпо кардааст. Қарор аст, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо анҷоми нишасти Тошканд бо як сафари дурӯза аз инҷо ба Пекин биравад. Раиси Чин Си Ҷинпинг баракс сафари расмиаш ба Узбакистонро 21 июн, қабл аз нишасти Тошканд оғоз кард ва то 24 июн дар пойтахти Узбакистон хоҳад монд.