Як ҳавопаймои муҷаҳҳаз бо танҳо нирӯи офтоб зарфи 70 соат бар фарози уқёнуси Атлантик парвоз кардааст. Халабони швейтсарӣ Бертран Пикар субҳи 20 июн бо ҳавопаймои “Solar Impulse 2” аз фурудгоҳи Ню-Йорк ба парвоз хеста, рӯзи 23 июн дар Испания ба замин нишаст. Ин парвоз бахши дигаре аз парвози ҳавопаймои муҷаҳҳаз бо нирӯи офтоб дар атрофи сайёра мебошад. Пикар ва халабони дигари швейтсарӣ Андре Боршберг ин сафари гирди сайёраро моҳи марти соли 2015 аз Абӯ Забӣ- яке аз шаҳрҳои Имороти Муттаҳидаи Араб оғоз карда, мехоҳанд дар ҳамонҷо ба анҷом бирасонанд. Қанотҳои ҳавопаймои онҳо бо беш аз 17 000 батарерияи офтобӣ муҷаҳҳаз аст, ки онро ҳатто аз қаноти ҳавопаймои мусофирбари Boeing 747 бузургтар мекунад.