Ҳама ба "Ашан". Навбати тӯлонӣ дар гипермаркети фаронсавӣ (ВИДЕО)

Сокинони Душанбе, ки моҳҳо интизори кушодашавии “Ашан” – бузургтарин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр Осиёи Марказӣ буданд, дар нахустин рӯзи фаъолияти он дар чоршанбеи 22 июн, пас аз навбатпоии зиёд, вориди ин фурӯшгоҳ шуданд. Иддае барои хариди молу маҳсулот ва иддаи дигар ба хотири тамошо ва муқоисаи нарху навои маҳсулоти "Ашан" бо бозору мағозаҳои шаҳри Душанбе ба ин фурӯшгоҳ омада буданд.

Бежан, ки аз миёни анбӯҳи одамон бо як аробачаи пур аз маҳсулоти хӯрока берун мешуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шароити хизматрасонӣ ва нархи маҳсулот дар муқоиса бо дигар фурӯшгоҳҳои пойтахт арзонтар аст: “Масалан яхмос дар мағозаҳои назди хонаи мо шашу ним сомонӣ аст, аммо инҷо панҷ сомонӣ бештар мебошад. Харбузаро шаш-ҳафт сомонӣ мегирем, инҷо панҷ сомониву чил дирам гирифтем. Бисёр молҳо зоҳиран молҳои Русия ҳастанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳама ба "Ашан". Навбати тӯлонӣ дар гипермаркети фаронсавӣ

Дар баробари Бежан бисёре аз харидорон ҳам, ки аз фурӯшгоҳ берун меомаданд, дасти холӣ набуданд. Ҳокима, як сокини Душанбе мегӯяд; “Пештар аз мағозаҳои пеши хона мехаридем, ҳозир дигар аз инҷо мехарем. Аз худи маҳаллаи 82-юм омада аз инҷо мехарем.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навбатпоии сокинони Душанбе барои ворид шудан ба "Ашан"

Аммо нархи на ҳамаи маҳсулоти ин фурӯшгоҳ харидоронро қонеъ мекунад. Саломат, сокини маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе мегӯяд, нархи маҳсулоти ширӣ дар ин фурӯшгоҳ аз бозорҳои дигари пойтахт ҳеҷ фарқе надорад; “Нархҳо чи хеле, ки дар дигар мағозаҳо ҳаст, инҷо ҳамон хел аст. Масалан, творг, сметана, қаймоқ ҳамон нархро дорад, аммо нон арзон аст. Мумкин рӯзи дуюм бошад барои ҳамин, таманнои онро дорам, ки ҳамеша арзонӣ бошад.”

Фурӯшгоҳи бузурги "Ашан" рӯзи 21 июн расман бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аммо танҳо субҳи 22-юми июн ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонон иҷоза дода шуд, ки вориди он шаванд. Барои бунёди ин фурӯшгоҳ дар маҷмӯъ 13 миллион доллар сарф шудааст.

Ин фурӯшгоҳ моли ширкати “Шивер” -- як шарики тиҷоратии “Ашан групп”(Auchan) аст, ки дар Фаронсаву Лаҳистон силсилаи фурӯшгоҳҳои бузурги Ашанро дар даст дорад. "Ашан"дар маҳали наздик ба бозори "Шоҳмансур" воқеъ аст. Масоҳати он 5 ҳазор метри мураббаъ буда, 12 ҳазор анвоъи маҳсулотро пешкаши мардум кардааст. “Ашан” аз силсилафурӯшгоҳҳои бренди фаронсавист, ки дар саросари ҷаҳон маъруф аст.

Бинои Маркази тиҷоратии "Душанбе мол", ки фурӯшгоҳи "Ашан" дар дохилаш ҷойгир аст, аз 4 ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум таваққуфгоҳи пӯшида барои 160 мошин, анбори фурӯшгоҳҳо, хадамоти техникӣ ва утоқҳои кории хизматӣ ҷойгир шудааст.

Қарордоди сармоягузорӣ барои бунёди ин гипермаркет дар ҷараёни сафари Сума Чакрабортӣ, мудири Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар соли 2014 дар Душанбе имзо шуд. Гипермаркет ба ширкати “Ашан-Тоҷикистон”, муаасисаи тобеи гурӯҳи Schiever-и Фаронса тааалуқ дорад. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд моҳи ноябри соли гузашта гуфт, ки дар бунёди ин фурӯшгоҳи бузург 5 миллион евро ва ё бештар аз 6 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Муассисони он мегӯянд, ягона ҳадафи ташкили ин гипермаркети бузург дар Тоҷикистон, пешкаши маҳсулоти босифату арзон ва мавриди ниёзи аввалияи мардум мебошад. Федерик Лубе, раиси кулли ширкати “Шивер” дар Тоҷикистон, рӯзи 22-уми ию, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари маҳсулоти фурӯшгоҳро аз шаҳри Новосибирски Русия ба Тоҷикистон ворид мекунанд;

Вай афзуд, ки ”пеш аз омадан як сол мо бозори маҳаллиро омӯхтем. Муддати ду сол аст, ки ман дар Тоҷикистон зиндагӣ дорам. Мо дар ҳамкорӣ бо ҳукумати кишвар ва ширкатҳои маҳаллӣ ин корро ба роҳ мондем. Ман дар бораи нарху навои бозорҳои дигар чизе намегӯям. Вале мақсади мо равшан аст, ки ба харидорон маҳсулоти босифат ва дастрас пешкаш мекунем.”

Масъулони ин фурӯшгоҳи маъруф бовар доранд, ки гипермаркети “Ашан” бо молҳои дастрасу босифат дар миёни мардуми тоҷик ба зудӣ маҳбуб хоҳад шуд. Аксари сокинони Тоҷикистон ҳам, ки аз маъруфияти ин фурӯшгоҳ дар Русия огоҳанду маҳз ба ин хотир муддатҳо боз интизори таъсисёбии “Ашан” дар Душанбе буданд, дар нахустин рӯзи кушодашавӣ аз ин фурӯшгоҳ бо як таассуроти хуб ва халтаву аробачаҳои пурбор берун мешуданд.

Хуруҷи харидорон аз гирпермаркет ба он соддагӣ ҳам набуд. Даҳҳо нафар бо халтаҳои пурбор пушти ҳар як хазина ё касса, ки ҳудуди 20 ададро ташкил медод, навбат меистоданд. Борхалтаву ашёи дасти харидорон дар назди дари вурудӣ аз ҷониби кормандон дохили халтаҳои сиёҳи плостикӣ бастабандӣ мешуданд, ки ба гуфтаи онҳо, ин корро ба хотири амнияти фурӯшгоҳ анҷом медиҳанд.

Харидорон аз нахустин гипермаркет бештар маводи озуқа, халтаҳои орду шакар мегирифтанд. Дар зимн, арзиши маҳсулоти ин фурӯшгоҳ нисбат ба дигар бозорҳои Душанбе аз 3 то 10 сомонӣ арзонтар будаанд. Аммо харидорон ҳоло бештар аз он хавф доранд, ки мабодо хурсандии онҳо дер давом накунад ва ин нархҳо муваққатӣ бошад.

Аммо раҳбарияти “Ашан”, сокинони Тоҷикистонро мутақоид месозанд, ки нархҳо бетағйир хоҳанд монд ва вижагии кори "Ашан" ҳам дар арзону босифат дастраси мардум кардани молу маҳсулот мебошад.