Дар Самарқанд бо "фармоиш"-и хусур марде, ки майнӯшиву беҷогардӣ мекард, кушта шуд. Дар ин бора нашрияи "Ҳуқуқ" бо такя ба муфаттиши калони додситонии Самарқанд Бунёд Холматов хабар медиҳад.
Ба гуфтаи вай, марди бадмаст ҳамсарашро пайваста дар ҳузури фарзандон латту кӯб мекардааст. Барои ҷазо додани домод, хусур ду қотилро бар ивази 480 доллар киро мекунад. Қотилон марди бадмастро, ки дар ҳолати мастӣ ба хонааш бармегашт, бо табар зада куштаанд.
Ин ҷиноят дар фурсати кӯтоҳтарин кушода шудааст. Хусур, ки фармони қатли домодашро дода буд, 12 зиндонӣ шуд. Қотилон мутаносибан 17 ва 18 сол зиндонӣ гардидаанд.