Занозанӣ миёни сокинони ду деҳаи Данғара (ВИДЕО)

Сокинони деҳаи Чорсада-2

Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сабабҳои занозанӣ миёни сокинони ду деҳаи ин ноҳияро таҳқиқ доранд. Ин занозанӣ шаби 18 ба 19 июни соли ҷорӣ, баъд аз адои намози таровеҳ дар деҳаи Чорсада-2 иттифоқ уфтода, як нафар бо латхӯрии мағзи сар дар бемористон ва чанд тани дигар бо захмҳои нисбатан сабук дар хонаҳояшон табобат мегиранд.

То ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман ин занозаниро шарҳ надодааст. Муқимҷон Муродов, ноиби имоми масҷиди деҳаи Чорсада-2 рӯзи 20 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳамла асосан аз тарафи, ба қавли ӯ, гуруҳи чилнафарии ҷавонон аз деҳаи ҳамсояи Чорсада-1 сурат гирифтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони Чорсада:Иғвогарон бояд ошкор шаванд

Сокинони деҳаи Чорсада-1 муқимӣ буда, бошандагони деҳаи Чорсада-2 аз ноҳияи Нуробод ба онҷо кӯч дода шудаанд. Муқимҷон Муродов гуфт, “ҳамла бисёр ногаҳонӣ буд. То замоне ки худро ҷамъ карда ва ба асли ҳодиса сарфаҳм рафтем, алакай чанде аз сокинони деҳаи мо ҷароҳат бардошта буданд. Як нафар бо латхӯрии мағзи сар ҳоло дар бемористон аст.”

Муқимҷон Муродов

Муродов мегӯяд, пулиси маҳаллӣ низ аз ин ҳодиса огоҳ шуда, ҳамон шаб барои халос кардани онҳо аз дасти ҳамлаварон кӯшиш кардааст. Вале мегӯяд ӯ, “ба далели он ки сару рӯи ҳамлаварон пӯшида буд, дар торикӣ чеҳраҳои онҳоро надидем. Чанде аз онҳоро талош кардем, ки боздошт намоем, аммо аз дастамон фирор карданд. Бисёр мехоҳем, ки ин қазия ҷиддӣ таҳқиқ шавад, то барои оянда ба як манбаи иғво ва занозанӣ табдил наёбад.”

Мақомоти деҳаи Чорсада-1-и ноҳияи Данғара низ занозании шаби 18 ба 19-уми июнро тадсиқ карда, гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин як амали авбошист, на аз рӯи хусумату якдигарбадбинӣ. Як масъули ин деҳа дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло тамоми қазияро аз сир то пиёз ба маъмурони пулис гуфтаанд ва дар ҷараёни тафтишот мӯй аз хамир ҷудо хоҳад шуд.

Вале дар деҳаи Чорсада-2 бовар доранд, ки ин ҳодиса тарҳрезишуда аст ва то замоне фармоишгаронаш боздошту муҷозот нашаванд, эҳтимол чунин ҳодисаҳо такрор хоҳанд шуд. Муқимҷон Муродов, муовини имоми масҷиди деҳаи Чорсада-2 мегӯяд, “вагарна ҳудуди чил ҷавон чӣ гуна ҷуръат мекунанд, ки болои намозгузорони деҳаи ҳамсояашон ҳамла карда, онҳоро захмӣ намоянд? Ҳукумат моро ба инҷо овардааст ва мо ҳам дар навбати худ дар ҷои навбунёд мактабу хона сохтаем. Фақат обод кардем. Ҳоло, Худоро шукр, вазъ ором аст ва ҳама ба зиндагии маъмулияш идома медиҳад,” - мегӯяд ӯ.

Масҷиди деҳаи Чорсада-2

Барномаи кӯчондани мардуми минтақаи қаламрави сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2009 оғоз ёфта буд. Дар чорчӯби ин барнома, бояд 4700 оила ва ё тахминан 30 ҳазор нафар сокини 63 деҳаи Роғуну Нуробод ба Данғара, Турсунзода ва Теппаи Самарқандӣ дар атрофи пойтахт ва Дарбанд муҳоҷир карда шаванд.